Андарзҳои аз ҷониби Мухаммад нашршуда

Дирӯз як таърих аст, фардо муаммо аст, имрӯз тӯҳфа аст.

Он касе, ки мехоҳад натиҷаҳои меҳнаташро фавран бубинад, бояд ба назди кафшергарон равад.

Агар туро муяссар гардид, ки касеро фиреб додӣ, ин чунин маъно надорад, ки ӯ аблаҳ аст. Ин чунин маъно дорад, ки ба ту назар ба он ки сазоворӣ, бештар бовар кардаанд.

Фурсат дар байни мушкилот ва муаммо пинҳон мешавад.

Дар сабабу далелу бурҳонҳои даркшаванда ҳамеша ҳадафи фаъолияти шахсият таборуз мекунад. Объекте, ки метавонад ниёзмандиҳои шахсиятро мураффаъ созад, ҳангоми сохтани он ҳамчун ҳадаф пайдо мешавад. Агар шахсият воқеан, ҳадафи зиндагии хешро дарк ва расидан ба онро думболагирӣ кунад, пас дурнамои шахсият ошкору маълум мегардад. Дурнамо фаъолияти одамро росихтар, ҳадафмандонатар бинмуда, онҳоро бо энержӣ таъмину мукаммал месозад.

Нишондиҳандаи ҳамбастагии арзиши иҷтимоии шахсият ин ҳадафмандии ӯст. Ҳадафмандии шахсият -ин низоми ҳадафҳои бартар ва сабабу мӯҷиби фаъолияти он буда, арзиши худӣ ва аҳамияти ҷамъиятии онро муайян месозад. Ҳадафмандӣ якҷо бо ҷаҳонбинӣ муназзими олии рафтор ва фаъолияти инсон аст.