Ҳамаи андарзҳо

Иоҳанн Волфганг Гёте

Фикр кардан, донистан, эҳсос кардан, бовар кардан ва ламс кардан, ки инсон бо онҳо коинотро дарк мекунад; онҳо бояд ҳамеша дар ҳамоҳангӣ фаъолият кунанд, танҳо бо ин роҳ, мо метавонем орзуи худро амалӣ намоем.

Сергей Василевич Лукяненко

Нишондиҳандаи ҳамбастагии арзиши иҷтимоии шахсият ин ҳадафмандии ӯст. Ҳадафмандии шахсият -ин низоми ҳадафҳои бартар ва сабабу мӯҷиби фаъолияти он буда, арзиши худӣ ва аҳамияти ҷамъиятии онро муайян месозад. Ҳадафмандӣ якҷо бо ҷаҳонбинӣ муназзими олии рафтор ва фаъолияти инсон аст.

Сергей Василевич Лукяненко

Итминону бовару эътиқод ин низоми хоҳишҳои инсониянд, ки моро маҷбур месозанд, то мувофиқ ба назару принсипҳои хеш фаъолият намоем. Вижагии эътиқод дар он аст, ки дар онҳо дониш дар ваҳдат бо эҳсосот ба вуҷуд меоянд ва тамоми шахсиятро фаро мегиранд.

Муаллифи номаълум

Муаллифи номаълум

Муаллифи номаълум

Муаллифи номаълум

Киштӣ то замоне болои об аст, ғарқ нахоҳад шуд. Вай вақте ғарқ мешавад, ки об болояш аст. Чандон муҳим нест, ки дар атрофи мо чӣ мегузарад. Муҳим он аст, ки дар ботини мо чӣ мегузарад.

Рэй Брэдбери

Вақте дар боғ андармони коре мешавӣ, фурсати беҳтарине барои фалсафаронӣ мерасад.

Бернард Мандевил

Дар ҳамон лаҳзае, ки бадӣ( зиштӣ) арзи нестӣ мекунад, ҷомеа мебоист ба таназзул рӯй оварад.