Андарзҳои аз ҷониби Фарҳангшинос нашршуда

Шумо гирифтори нобарориҳо хоҳед шуд. Шумо ҷароҳат хоҳед бардошт. Шумо иштибоҳ хоҳед кард. Шумо давраҳои руҳафтодагӣ ва дилгириро аз сар хоҳед гузаронд. Хонавода, таҳсил, мушкилоти рӯзгор- ин ҳама на як бору ду бор монеаи тамрин хоҳанд шуд. Вале ақрабаки компаси ботини Шумо бояд ҳамеша як чизро нишон бидиҳад- сӯйи ҳадафро.

Ҳадафи мушаххасе доштан, инсон қодир аст, ки ҳама гуна мушкилотро рафъ кунад, зеро муваффақияти ояндааш дар ӯ зиндагӣ мекунад.

Муҳаббати ба зиндагӣ бисёр чизҳоро имконпазир менамояд.

Ба ҳадаф метавон расид, агар онро Шумо бубинед.

Вақте ки шумо чизеро сахт мехоҳед, тамоми коинот барои амалӣ шудани хоҳиши шумо кӯмак мекунад.

Барои ҳар як сухани хеш масъул ҳастӣ. Зеро сухан дорои нерӯи бузург аст.