Андарзҳои аз ҷониби Фарҳангшинос нашршуда

Идеал — ин симои инсони воқеӣ ва ё симоест, ки шахсият сохтааст. Инсон дар зиндагӣ тайи муддати мушаххас аз рӯйи он амал мекунад. Идеал барномаи худтакмилкуниро муайян менамояд.

Мушкилотро набояд ҷиддӣ бигирифт, вагарна онҳо бовар мекунанд, ки ҳастанд.

Китобҳои хуб якбора ҳама асрори хешро ошкор намекунанд.

Ба инсон муқобилат кардан дар муқобили харобӣ хос аст. Худи маънии вуҷуди инсонӣ иборат аз ин муборизаи ҷовидонаи оштинопазир аст, ки наметавон онро мағлуб кард. Вале дар он ҳамчунин гузашту ақибнишинӣ номумкин аст..

Ҳар қадар сатҳи мутамаддинии ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва маънавӣ баланд бошад, ба ҳамон андоза талаботу ниёзи инсон ғанӣ ва рангоранг мебошад.

Итминону бовару эътиқод ин низоми хоҳишҳои инсониянд, ки моро маҷбур месозанд, то мувофиқ ба назару принсипҳои хеш фаъолият намоем. Вижагии эътиқод дар он аст, ки дар онҳо дониш дар ваҳдат бо эҳсосот ба вуҷуд меоянд ва тамоми шахсиятро фаро мегиранд.