Андарзҳои аз ҷониби Мухаммад нашршуда

Орзуи асосии ман ин навиштани чунон китобест роҷеъ ба падидаҳои илмӣ, ки дар дӯконҳои парвозгаҳҳо фурӯхта хоҳанд шуд.

Илми мактабӣ ағлаб дар шакли хушку ноҷолиб тадрис мешавад. Кӯдакон таври мехиникӣ ёд гирифтанро меёмӯзанд, то ки имтиҳон биспоранд ва иртиботи илмро ба одами иҳотакунанда намебинанд.

То чӣ андоза олиҷаноб аст, ки мо бо як чизи ғайриоддӣ дучор омадем. Ҳоло мо умедворем, ки ба пешрафт муваффақ мешавем!

Фикри шумо, албатта, беақлона аст. Тамоми савол ин аст, ки оё вай ба қадри кофӣ беақлона аст, ки ҳақиқат бошад.

Илм ҳақиқатро мегӯяд, новобаста аз он, ки шумо бовар мекунед ё на.

Шояд ҳеч касе дар ин маврид баҳс набояд кунад, ки илм-ин на танҳо муҳаррики тараққию рушд, балки инчунин яке аз беҳтарин ва барои инсоният муфидтарин навъҳои эҷодиёт аст. Ҳар як пажуҳиши илмӣ ин раванди халлоқият, ҳар як олим- бунёдкорест, ки ба воқеъият ба тариқи хеш меандешад ва тағйир медиҳад.