Андарзҳои аз ҷониби Мухаммад нашршуда

Плутарх

Ҳикмати олӣ файласуфона амал кардан аст, аммо на ончунон ки файласуфона намояд ва ба ҳадафи ҷиддӣ шӯхикунон бирасад.

Иоҳанн Волфганг Гёте

То ҳоле ки як шахс дар шеър танҳо эҳсосоти шахсии худро ифода мекунад, ӯро ҳанӯз шоир номидан мумкин нест, аммо даме, ки тавонист дарди тамоми оламро ҳис кунад ва онро баён кунад, пас ӯ шоири ҳақиқист. Ва он гоҳ ӯ абадӣ аст ва метавонад ҷовидон бимонад.

Мишел де Монтен

Илм зевари бузург ва бағоят муфид аст.

Алберт Эйнштейн

Ҳама медонанд, ки ин ғайриимкон аст. Аммо ин ҷо ҷоҳиле пайдо мешавад, ки инро намедонад - ин ҳамон касест, ки кашф мекунад.

Стивен Хокинг

Ситорашиносон ба андозае кофӣ оқиланд, ки дурнамоҳои хешро тавре хирагун пешниҳод месозанд, то онҳоро ба ҳама гуна анҷомҳо метавон муртабит сохт.

Роҷер Пенроуз

Шояд ин тасаввури ваҳшист: тамаддуни бошуур аз мо дар масофаи хеле дур қарор дорад. Ман фикр мекунам, дар дигар сайёраҳо чунин зиндагӣ вуҷуд дорад. Ӯро зарур аст, то пеш-пеши силсилаи ҳаводис биравад. Оне, ки бо мо рух медиҳад.