Ҳамаи андарзҳо
Муваффақияти ҳақиқӣ бартараф кардани тарси нокомӣ мебошад.

Се чиз ҳаргиз вопас намегарданд: вақт, сухан, имконият. Аз ин рӯ, вақтро ғанимат дон, суханро интихоб кун ва имкониятро аз даст мадеҳ.

Вақте ки шумо чизеро сахт мехоҳед, тамоми коинот барои амалӣ шудани хоҳиши шумо кӯмак мекунад.

Он касе, ки мехоҳад натиҷаҳои меҳнаташро фавран бубинад, бояд ба назди кафшергарон равад.

Фурсат дар байни мушкилот ва муаммо пинҳон мешавад.

Дар сабабу далелу бурҳонҳои даркшаванда ҳамеша ҳадафи фаъолияти шахсият таборуз мекунад. Объекте, ки метавонад ниёзмандиҳои шахсиятро мураффаъ созад, ҳангоми сохтани он ҳамчун ҳадаф пайдо мешавад. Агар шахсият воқеан, ҳадафи зиндагии хешро дарк ва расидан ба онро думболагирӣ кунад, пас дурнамои шахсият ошкору маълум мегардад. Дурнамо фаъолияти одамро росихтар, ҳадафмандонатар бинмуда, онҳоро бо энержӣ таъмину мукаммал месозад.