Ҳамаи андарзҳо

Мушкил дар он аст, ки Шумо ба мушкил менигаред.

Муваффақ шудан маънои онро надорад, ки Шумо бояд ягон кори истисноӣ анҷом диҳед. Ин он маъно дорад, ки Шумо бояд кореро, ки дигарон ба анҷом нарасондаанд, ба таври истисноӣ иҷро кунед.

Паррандае, ки дар шохи дарахт нишастааст, ҳаргиз аз ин ки шох мешиканад, тарсу ҳарос надорад. Зеро ки вай ба шох на, балки ба болҳои хеш итминон дорад.

Баъзан илҳом лағжида меравад, намеояд. Аммо ман чун ҳунарманд вазифадорам ҳеҷ гоҳ таслим нашавам, зеро танбалӣ дар одамон хеле қавӣ аст. Барои санъаткор аз таслим шудан ба он бадтар чизе нест. Шумо наметавонед интизор шавед. Ин илҳом чунин меҳмонест, ки ба назди танбалон рафтанро дӯст надорад. Вай дар назди онҳое пайдо мешавад, ки ӯро даъват мекунанд. Худро ғолиб омадан лозим аст, то ки ба дилетантизм (дилхушӣ, саргармӣ) гирифтор нашавед.

Аз мушкилот миннатдор бошед, онҳо ба Шумо нишон медиҳанд, ки Шумо ки ҳастед.

Кори инсонҳое, ки тасмими амал бинмудан кардаанд, маъмулан бобарор мешавад; баръакс, барор ба нудрат ба одамоне даст медиҳад, ки фақат баҳона пеш меоваранд ва таъхир мекунанд.