Ҳамаи андарзҳо

Бо итминон метавонам бигӯям, ки алҳол сайёҳон аз (олами) оянда барои тамошою дидани мо наёмадаанд. ( дар мавриди саёҳат дар вақту замон). Имкони ягонаи зиндагонии тӯлонии мо на дар сайёраи замин ниҳон аст, балки дар кайҳон тамаркуз ёфтааст.

Шояд ин дар табиати инсонӣ нуҳуфтааст, ки мо мутобиқ мешавем ва зинда мемонем.

То он ҷо ки мумкин аст, ман боварӣ дорам, ки Худо зарба бозӣ намекунад.

Агар Шумо бифаҳмед, ки сайёра чӣ тавр фаъолият мекунад, пас ба маънии рӯшанаш, онро метавонед идора кунед.

Дунё ин муҳитест, ки маркази он дар ҳар куҷост, вале девори он дар ҳеч куҷое нест.

Қонунҳои илм байни самти «ба пеш» ва «ба қафо» дар замон тафовут намегузоранд. Вале дар хар сурат се тири вақт мавҷуданд, ки онҳо ояндаро аз гузашта фарқ мекунонанд. Ин тири термодинамикӣ, яъне самти замонест, ки дар он бенизомиҳо меафзояд; тири равонӣ,- он самти замониест, ки дар он мо гузаштаро ба ёд меоварем, на ояндаро; тири космогологӣ- самти замониест, ки дар он сайёра фишурда нашуда, балки вусъат меёбад. Ман нишон додам, ки тири равонӣ амалан мутаносиб бо тири термодинамикӣ аст. Пас ҳарду бояд яксон самт ёбанд.