Ҳамаи андарзҳо

Оскар Уайлд

Ҳадафи зиндагӣ ифодаи худ аст. Мо барои он зиндагӣ мекунем, ки моҳияти худро пурра зоҳир намоем.

Андре Конт-Спонвил

Мо иштибоҳ мекунем, вақте чунин мешуморем, ки саодат ин як чизи ғайритабиист. Завқи зиндагиро мо бояд дар худ тарбият бикунем.

Питер Акройд

Арзиши зиндагӣ дар худи он аст. Ҳеҷ чизи гаронтаре нест.

Албер Камю

Тасмим гирифтан дар бораи он ки оё ҳаёт арзанда аст ё не, посух додан ба саволи асосии фалсафа мебошад. Ҳама чизи боқимонда - оё ҷаҳон се андоза дошта бошад, хоҳ ақлро нӯҳ ё дувоздаҳ категория ҳидоят кунанд - дуюмдараҷа аст.

Муаллифи номаълум

Муҳаббат ба зиндагӣ -ин мавқеъи ягона барои инсонест, ки огаҳона зиндагӣ мекунад ва барои дастовард ва хушбахтӣ талош меварзад.

Ошо

Зиндагӣ диалектикӣ аст. Шумо ҳамеша хушбахт буда наметавонед, зеро дар он сурат хушбахтӣ тамоми маънои худро гум мекунад. Шумо наметавонед ҳамеша ҳамоҳангӣ кунед, зеро дар он сурат шумо намефаҳмед, ки ҳамоҳангӣ чӣ аст.