Ҳамаи андарзҳо

Ҳар қадар сатҳи мутамаддинии ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва маънавӣ баланд бошад, ба ҳамон андоза талаботу ниёзи инсон ғанӣ ва рангоранг мебошад.

Итминону бовару эътиқод ин низоми хоҳишҳои инсониянд, ки моро маҷбур месозанд, то мувофиқ ба назару принсипҳои хеш фаъолият намоем. Вижагии эътиқод дар он аст, ки дар онҳо дониш дар ваҳдат бо эҳсосот ба вуҷуд меоянд ва тамоми шахсиятро фаро мегиранд.

Киштӣ то замоне болои об аст, ғарқ нахоҳад шуд. Вай вақте ғарқ мешавад, ки об болояш аст. Чандон муҳим нест, ки дар атрофи мо чӣ мегузарад. Муҳим он аст, ки дар ботини мо чӣ мегузарад.

Андешаҳо сарчашмаи асосии табъи хушу болидаи шумостанд. Андешаҳои хешро поку беолоиш бикунед, ҳама мусибату тирарӯзиҳо аз байн мераванд.

Дунё ба назди шумо ҳамон тавре меояд, ки аз шумо бармеояд.

Тарбияи одам-ин маънои дар даври ӯ созмон додани ҷомеаест, ки ҳамеша ӯро ба робитаи дуруст бо муҳит савқ медиҳад.