Андарзҳои аз ҷониби Мухаммад нашршуда

Оскар Уайлд

Пессимист шахсест, ки ҳангоми дарро кӯфтани бахт аз ғавғо шикоят мекунад.

Оскар Уайлд

Вақте ки ман ҷавон будам, фикр мекардам, ки пул чизи асосӣ дар зиндагӣ аст. Ҳоло ман пир шудам ва медонам, ки ин рост аст.

Иоҳанн Волфганг Гёте

То он даме, ки Шумо ягон масъаларо қатъиян ҳал накунед, Шуморо шубҳаҳо азоб медиҳанд, Шумо ҳамеша дар хотир доред, ки имкони бозгашт вуҷуд дорад ва ин ба Шумо имкон намедиҳад, ки самаранок кор кунед. Аммо лаҳзае, ки Шумо қарор медиҳед, ки худро пурра ба кори худ бахшед, сарнавишт шуморо ҳамроҳӣ мекунад. Яъне ин ҳама ба он чизе ки ба вуқӯъ мепайвандад, ки дар дигар ҳолатҳо шуданаш мумкин набуд, ва ба ҳар чизе, ки Шумо қодиред, ҳар он чизеро, ки орзу мекунед, дарк кардан мехоҳед вобастагӣ зич дорад. Ҷасорат ба инсон қувват ва ҳатто қудрати мӯъҷиза мебахшад. Тасмим гиред!

Уинстон Черчилл

Комёбӣ ин қобилияти аз бохт ба бохт рафтан бидуни аз даст додани некбинист.

Анна Соколова

Дар интизор буда тавонистан- ҳама фалсафаи инсонӣ ниҳон аст. Дар он ҳама нерӯ, ҳама маънии саодати инсоният нуҳуфтааст.

Рой Ҷонс

Наметавон ба гузашта баргашт ва шуруъи корро тағийр дод. Вале метавон ҳоло шуруъ бикунӣ ва ба марра расидани хешро тағйир бидиҳӣ.