Андарзҳои аз ҷониби Фарҳангшинос нашршуда

Худи ҳаёт ягон маънои дигаре надорад, то он даме, ки як шахс пайдо мешавад ва кӯшиш мекунад, ки падидаҳои онро шарҳ диҳад.

Фалсафа ин мантиқи илм аст.

Ҳар як чизи зебо беасар аз байн нахоҳад рафт. Аз коштани тухми зебоӣ дар роҳҳо набояд наҳаросид. Онҳо онҷо ҳафтаҳо, шояд солҳо, мехобанд, вале намепӯсанд, ба монанди алмосҳо ва билохира, касе он дурахшро мебинад, онҳоро бо худ мегирад ва хушбахту саодатманд меравад.

Ҳар як шахс вазифадор аст, ки ҳадди аққал ба дунё ба андозаи аз он гирифтааш баргардад.

Ҳадафи ҳастӣ ин некӣ нест. Ҳадафи ҳастӣ таборузи хештан аст. Ҳадафи ҳастӣ ин мавҷуди боҳилму пурназокат нест. Ин худшиносии муттасилу пайваста аст. Ҳадафи ҳастӣ иборат аз маҳви бесаводист.

Дар ҳама гуна тамаддун бисёр муҳим аст, ки ҳар замон дубора кашфиёте кард, ки дар гузашта баргузор шуда буданд.