Андарзҳои аз ҷониби Фарҳангшинос нашршуда

Стивен Хокинг

Ман мутмаъин нестам, ки нажоди одамӣ боз ҳазор соли дигар зиндагӣ мекунад, агар имкони паридан ба осмонро пайдо накунад. Сенарияҳои бисёре мавҷуданд ,ки чӣ тавр ҳама мавҷуди зинда дар сайёраи кӯчак метавонанд бимиранд. Вале ман хушбин ҳастам. Мо, дақақан, ситораҳоро кашф хоҳем кард.

Константин Сиолковский

Замин гаҳвораи ақл аст, аммо шумо наметавонед дар гаҳвора абадӣ зиндагӣ кунед.

Стивен Хокинг

Ин ки сайёра чи тавр ба вуҷуд омадааст, метавон тавассути қонунҳои илмӣ муайян кард. Ман метавонистам дағдағаҳои хешро қонеъ созам ва кашф бикунам, ки: сайёра чӣ тавр ба вуҷуд омадааст. Вале ман ҳамоно намедонам, ки ЧАРО он ба вуҷуд омадааст.

Леонардо да Винчи

Чӣ тавре ки хӯрдани ғизо бидуни завқ ба ғизои дилгиркунанда табдил меёбад, ҳамин тавр илми бе завқ хотираро кунд мегардонад, ва он чизи азхудкардаашро азхуд карда наметавонад.

Иоҳанн Волфганг Гёте

Ман пас аз гӯш кардани мусиқӣ ҳамеша беҳтар кор мекунам.

Алберт Эйнштейн

Шӯҳрати ман ҳар қадар бузургтар бошад, ҳамон қадар гунг мешавам; ва ин, бешубҳа, қоидаи умумист.