Андарзҳои аз ҷониби Фарҳангшинос нашршуда

Станислав Ежи Летс

Вақте ман мустақилона андешаҳоеро кашф кардам, ки то кунун дигар файласуфон кашф карда буданд, ин маро начандон дар ақидаи хеш мутмаъин сохт, баръакс, ба онҳо зарар расонд. Ин чист? Худхоҳии камбинӣ ва ё худхоҳии бузургманишист?

Албер Камю

Фалсафа маънои онро дорад, ки файласуфон низ чунин маъно доранд. Ҳар қадар бузургӣ дар инсон зиёд бошад, ҳамон қадар ҳақиқӣ дар фалсафаи ӯст.

Афлотун

Суқрот дӯст аст, аммо дӯсти наздиктарин ҳақиқат аст.

Рене Декарт

Қабл аз ҳама, ман мехоҳам бифаҳмам, ки фалсафа чист... вожаи «фалсафа» маънии шуғл варзидан бо ҳикмат аст ва таҳти ҳикмат на танҳо оқилию фарзонагӣ дар корҳо, балки ҳамчунин мукаммал донистани ҳамаи он чизест, ки одам метавонад онро дарк бикунад; Ин ҳамон донишест, ки худи зиндагиро савқ медиҳад, барои ҳифзи тандурустӣ ва кашфиёт дар ҳама илмҳо хидмат мекунад

Рэй Брэдбери

Муҳим он «ман»-е нест, ки инҷо қарор дорад, балки онест, ки дар канори кат менишинад ва ба ман нигоҳ мекунад. Ҳамчунин муҳим онест, ки ҳоло дар поён хӯроки шом омода мекунад, ва оне, ки дар гараж бо мошин машғул аст ва ё дар китобхона китоб мехонад. Ин ҳама пораҳои мананд ва онҳо аз ҳама муҳиму асосӣ мебошанд. Ва ман имрӯз комилан намемирам. Ҳеч кас ҳаргиз намемирад, агар ӯ фарзандҳо ва набераҳо дошта бошад. Ман боз ҳам хеле зиёд зиндагӣ хоҳам кард.

Станислав Ежи Летс

Зоиш — раванди дардовар аст, ба вижа агар инсон худаш худашро таваллуд мекунад ва гузашта аз ин дар солҳои балоғат.