Рэй Брэдбери

Рэй Брэдбери (1920 — 2012)

Муфассал chevron_right

Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Рэй Брэдбери

Вақте дар боғ андармони коре мешавӣ, фурсати беҳтарине барои фалсафаронӣ мерасад.

Рэй Брэдбери

Муҳим он «ман»-е нест, ки инҷо қарор дорад, балки онест, ки дар канори кат менишинад ва ба ман нигоҳ мекунад. Ҳамчунин муҳим онест, ки ҳоло дар поён хӯроки шом омода мекунад, ва оне, ки дар гараж бо мошин машғул аст ва ё дар китобхона китоб мехонад. Ин ҳама пораҳои мананд ва онҳо аз ҳама муҳиму асосӣ мебошанд. Ва ман имрӯз комилан намемирам. Ҳеч кас ҳаргиз намемирад, агар ӯ фарзандҳо ва набераҳо дошта бошад. Ман боз ҳам хеле зиёд зиндагӣ хоҳам кард.

Рэй Брэдбери

Вале одам як хусусияти хуб дорад: агар зарур ояд, ки ҳамаро аз сар бигирем, вай маъюсу навмед нахоҳад шуд ва ҷасоратро аз даст нахоҳад дод. Вагарна, ӯ медонад, ки ин бисёр муҳим аст ва ин ба саъю талош меарзад.

Рэй Брэдбери

«.... Аз он лаҳзае, ки мо такаллум карданро ёд гирифтем, мо як чизро мепурсидем: Маънии зиндагӣ чист? Дигар ҳама саволҳо бемаъниянд, вақте марг бар дӯши Шумо қарор дорад. Вале иҷоза бидиҳед, то даҳ ҳазор оламро обод бикунем, ки дар атрофи даҳ ҳазор ситораҳои (офтобҳои) бароямон ноошно давр мезананд. Дар он сурат пурсидан беҳуда аст. Инсон ҳудуд надорад, чун дар Сайёра ҳудуд нест. Инсон ҳамчун Сайёра ҷовид аст. Баъзе одамҳо мемиранд, ҳамон тавре ки ҳамеша мемиранд. Вале таърихи мо ба дурии тасаввурнопазири оянда бармехӯрад. Мо хоҳем донист, ки дар ҳама замонҳои оянда зинда ва орому мутмаъин хоҳем буд. Вале ин худ посухе барои он суоли азалию ҷовидонӣ аст. Ба мо зиндагӣ ато шудааст ва ҳадди ақал бояд ин инъому туҳфаро ҳифз бикунем ва ба наслҳои оянда- то ба лоинтиҳоӣ интиқол бидиҳем. Ба хотири ҳамин месазад заҳмат кашид!...»

Рэй Брэдбери

Мо — ғайриимконҳо дар сайёраи ғайриимконем.