Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Вақте сар то сари ҷаҳон мефаҳманд, ки зебо - ин зебо аст, пас зиштӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ҳама медоданад, ки некӣ-ин некист, бадӣ ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин он чизе ки ҳамдигарро ба вуҷуд меорад-ин ҳастӣ ва нестист, он чизе ки мувозинатро нигоҳ медорад- ин вазнинӣ ва сабукист, чизе ки ягигарро маҳдуд месозад – ин дарозӣ ва кӯтоҳист, чизе ки ба якдигар хидмат мекунад- ин баландӣ ва пастист, он чизе ки бо ҳамдигар ҳамоҳанг мешавад – ин овоз ва садост, чизе ки якдигарро назорат мекунад – ин гузашта ва ҳозира ва беохир мебошад.

Касе, ки одамонро мешиносад, оқил аст. Донандаи хеш - бомаърифат аст. Мағлубкунандаи одамон, тавоно аст. Мағлубкунандаи хеш пуриқтидор аст.

Барои донотар (оқилтар) шудан ҳар рӯз як чизи нав илова кунед. Барои хирадмандтар шудан, ҳар рӯз аз кӯҳна даст кашед.