Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Фанноварон чаҳор сифатро, ки дар он табиати олами мо мунъакис мегардад, тақозо доранд. Вобаста ба вазъу ҳолат ту бояд чун алмос сахт, чун маҷнунбед мавзун, чун ҷараёни об равон, чун осмон тиҳӣ бошӣ.

Нақши инсоният дастёбӣ ба ҳадафҳои рӯъёӣ бо дилҳои пок аст, ки дар тавозун бо ҷаҳонофариниш ва маҳбуби он қарор доранд.

Ҳар як Ҳунарманд дар ҳама замонҳо ва дар ҳама кишварҳо, фарёдрас буда ва ба тавозуни замину осмон мушарраф гардидааст. Пайроҳаҳои зиёде ба қуллаи куҳи Футзи мебаранд, вале ин қулла яктост- он муҳаббат аст.