Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Қобилияти бишнохтани мӯъҷиза дар як чизи одиву сода – аломати тағйирнопазири ҳикмат нӯҳуфтааст.

Он чӣ мо дар макотибу донишгоҳҳо омӯхтаем на ирфону дониш, балки танҳо шеваи дарёфти таҳсилоту ирфон аст.

Аломати таҳсилоти хуб – сухан кардан дар бораи чизҳои бузург бо вожаҳои одиву содатарин.

Табиат нодақиқию номушаххасиро таҳаммул надорад ва саҳву хатоиҳоро намебахшад.

Аъмолу корҳои бузург баёнгари он ҳастанд, ки сайёра ба ҳар нафари сокини он мутааллиқ аст.