Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Далерона ба думболи гувоҳии қалбу фаросат биравед. Онҳо , ба наҳве аз пеш медонанд, ки Шумо, воқеан, кӣ шудан мехоҳед.

Кори Шумо қисмати бузурги зиндагиятонро фаро мегирад ва воситаи ягонаи комилан қонеъ будан ин иҷрои корест, ки ба андешаи Шумо кори бузург аст. Ва воситаи ягонаи иҷрои корҳои бузург ин дӯст доштани корест, ки онро иҷро мекунед.

Эҷодгарӣ ин сохтани робита байни чизҳост. Вақте одамони эҷодкорро мепурсанд, ки онҳо чӣ тавр чӣ кореро иҷро кардаанд, эшон андак хешро гунаҳкор ҳис мекунанд. Зеро ки онҳо, воқеан, ҳеч кореро анҷом надодаанд ва танҳо пай бурдаанд. Ин барояшон бо мурури замон маълум мегардад. Онҳо тавонистанд пораҳои гуногуни таҷрибаи хешро ба ҳам бипайванданд ва ягон навъро тавъам кунанд. Ин барои он сурат мегирад, ки онҳо нисбат ба дигарон бештар дидаанду аз сар гузаронидаанд ва ё барои он ки онҳо бештар дар ин бора меандешанд.