Ҳамаи андарзҳо

Шеваи аз ҳама боитминони ҷудо кардани ширкати хеш миёни рақибон, канда шудан аз тӯдаи думболагирону пайравон- ин хуб созмон додани кор бо иттилоот аст. Маҳз он ки Шумо чӣ тавр иттилоотро ҷамъ меоваред, созмон мебахшед ва истифода мебаред, муайян хоҳад кард, ки Шумо пирӯз хоҳед шуд ё бохт хоҳед кард.

Вақте ки шумо аз як ҳадафи олӣ ё ягон нақшаи ғайриоддӣ илҳом мегиред, ҳамаи фикрҳои шумо шикастани занҷирҳоеро, ки онҳоро бозмедоранд, оғоз мекунанд. Зеҳни шумо аз доираи маҳдудият берун мешавад, шуури шумо ҳудуди қобилиятҳои онро ба ҳар тараф таҳрик медиҳад ва шумо дар ҷаҳони навсозишуда, азим ва зебо зиндагӣ карданро оғоз мекунед. Қудратҳо, қобилиятҳо ва истеъдодҳои бебаҳо ба ҳаёт бармегарданд ва шумо худро аз он чизе, ки тасаввур мекардед, бузургтар ҳис мекунед.

Шумо гирифтори нобарориҳо хоҳед шуд. Шумо ҷароҳат хоҳед бардошт. Шумо иштибоҳ хоҳед кард. Шумо давраҳои руҳафтодагӣ ва дилгириро аз сар хоҳед гузаронд. Хонавода, таҳсил, мушкилоти рӯзгор- ин ҳама на як бору ду бор монеаи тамрин хоҳанд шуд. Вале ақрабаки компаси ботини Шумо бояд ҳамеша як чизро нишон бидиҳад- сӯйи ҳадафро.

Ҳадафи мушаххасе доштан, инсон қодир аст, ки ҳама гуна мушкилотро рафъ кунад, зеро муваффақияти ояндааш дар ӯ зиндагӣ мекунад.

Ба ҳадаф метавон расид, агар онро Шумо бубинед.

Ҳикмат ин истифодаи дониш аст.