Ҳамаи андарзҳо

Ричард Бах

Ҳадафи зиндагӣ дарёфти камолот аст. Рисолати ҳар яке аз мо таври ҳаддиаъзамӣ наздик кардани он дар худии худ, дар ҳолати худ, дар шеваи фаъолият аст. Қонун дар ҳама сатҳҳои зиндагӣ ягона аст: дунёи навбатии хешро мо тавассути донише, ки инҷо андӯхтаем, интихоб мекунем. Агар мо инҷо ҷаҳолатро тарҷеҳ додаем ва дониши мо мисли пешин мондааст, пас дунёи мо аз дунёи пешин фарқ нахоҳад кард. Камолот ҳадду канор надорад. Суръати комил онест, ки вақте ту дар онҷое қарор дорӣ, ки мехоҳӣ онсӯйи онҷо роҳ бигирӣ.

Иоҳанн Волфганг Гёте

Қонун тавоно аст, аммо қудрати эҳтиёҷот қавитар аст.

Лев Николаевич Толстой

Аз замонҳои хеле қадим ва дар халқҳои ниҳоят гуногун устодони бузурги инсоният ба одамон қонунҳои равшантарини ҳаётро ошкор намуда, зиддияти дохилии онро ҳал намудаанд ва ба онҳо зиндагии ҳақиқӣ ва воқеии ба мардум хосро нишон доданд.

Пауло Коэло

Вақте ки шумо чизеро сахт мехоҳед, тамоми коинот барои амалӣ шудани хоҳиши шумо кӯмак мекунад.

Умари Хайём

Дӯсти ҳақиқӣ шахсест, ки дар бораи шумо ҳар чӣ фикр мекунад, ба рӯи шумо баён мекунад ва ба ҳама мегӯяд, ки шумо шахси олиҷаноб ҳастед.

Алберт Эйнштейн

Ҳалли мушкилот дар ҳамон сатҳи мавҷуда ғайриимкон аст. Ба шумо лозим аст, ки аз ин мушкилот болотар рафта ба сатҳи оянда назар кунед.