Ҳамаи андарзҳо

Ҳар чизе ки бо мо рух медиҳад, ин ё он асарро дар зиндагии мо боқӣ мегузорад. Ҳама чизи муҳит дар тарбияи мо нақши худро дорад.

Инро бояд донист, ки шахсе вуҷуд дорад, ки Шумо бо ӯ якдигарфаҳмиро ҳис мекунед, ва ӯ метавонад боғи хушбахтии Шуморо шукуфон кунад.

Мардум танҳо касеро ҳурмат мекунад, ки аз ӯ барояш ягон нафъ аст.

Хуб аст, ки дар зиндагии мо одам оне ҳастанд, ки бо кӯмаки онҳо мо метавонем ба хеш аз канор мушоҳида бикунем ва хатоҳоеро, ки қаблан намешинохтем, бубинем.

Дӯстони хуб ба сўроғи шахсе мераванд, ки худаш медонад чигуна дӯсти хубе бошад.

Пайдо кардани инсоне, ки ба ӯ нигаристан хушоянд аст, шуниданаш ҷолиб аст, самимона бихандӣ ва бесаброна мулоқоташро мунтазир шавӣ, ин беҳтарин барор дар зиндагист.