Ҳамаи андарзҳо

Ҳадафи зиндагӣ -дарёфти камолот аст ва вазифаи( рисолати) ҳар яке аз мо таври ҳаддиаъзам наздик кардани бурузи он дар худии худист.

Хаёт-ин мукаммалгардонии беохир аст. Худро комёбшуда хисобидан-худро куштан аст.

Одамоне ҳастанд, ки ончунон хуб таҳсилдидаанд, ки метавонанд Шуморо дар ҳама гуна мавзуъ ба дилгир шудан водоранд.

Ҳар касе, ки ба некӣ даъват мекунад, набояд ба одамон такя кунад, то роҳи худро аз сангҳо тоза кунад, балки бояд мулоимона ба тақдири худ бипазирад, ҳатто вақте ки касе дар роҳ сангҳои иловагӣ мегузорад.

Дер ё зуд, вақте мерасад, ки шумо бояд байни мулоҳиза ва амал нуқта гузоред. Ин ҳушдор медиҳад барои: Одам шудан.

Ҳаёт-ин роҳест, ки шахс онро бо қалб ва ақли худ интихоб менамояд. Ғайр аз ин роҳ ӯ наметавонад роҳи дигареро интихоб намояд, гарчанде дар як муддати кӯтоҳ бошад. Ин интихоби ӯст ва он бояд чунон интихоб шуда бошад, ки ҳеҷ гоҳ хоҳиши ба роҳи дигар рафтан пайдо нашавад.