Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Вақте инсон чизеро ки табиат ба ӯ ато кардааст, такмил медиҳад ва онро ба манфиати дигарон истифода мебарад, вай аз роҳи Ҳақ дур нест. Чизе ки ба шумо писанд нест ба дигарон раво набинед.

Дар асл зиндагӣ сода аст, аммо мо исроркорона онро мушкил мегардонем.

Хушбахтӣ-ин ҳангомест ки туро дарк мекунанд, хушбахтии зиёд- ин вақте ки туро дӯст медоранд, хушбахтии ҳақиқӣ-ин модоме ки ту дӯст медорӣ.

Касеро, ки офтоб дар қалбаш медурахшад, ҳатто дар рӯзҳои тира низ метавонад офтобро бубинад.

Инсон шехсе аст, ки метавонад панҷ фазилати инсонӣ: эҳтиром, саховатмандӣ, ростқавлӣ, зиракӣ ва меҳрубониро дар ҳама ҷо таҷассум намояд.

Дар зиндагӣ инсон се роҳ дорад: Роҳи аввал аз андеша мегузарад, ин волотарин роҳ аст. Роҳи дувум аз тақлид мегузарад, ин осонтарин роҳ аст. Ва роҳ севум аз таҷриба мегузарад, ин талхтарин роҳ аст.