Ҳамаи андарзҳо

Ҳақиқати баҳснопазир, қоида, қонуни зиндагӣ: Одамонро атрофиёни ӯ ташаккул медиҳанд!

Машҳуртарин нависандагони замони муосир, на барои он машҳуранд, ки онҳо ба мо чизи наверо пешкаш мекунанд, балки дар бораи чизҳо тавре сухан меронанд, ки гӯё дар васфи он ҳеҷ гоҳ касе чунин нагуфтааст.

Ман пай бурдам, ҳатто он нафароне, ки даъво доранд ҳама ҳаллу фаслшуда аст ва бо ин наметавон коре кард, қабл аз ин ки аз роҳ бигзаранд, ба тарафҳо менигаранд.

Ситорашиносон ба андозае кофӣ оқиланд, ки дурнамоҳои хешро тавре хирагун пешниҳод месозанд, то онҳоро ба ҳама гуна анҷомҳо метавон муртабит сохт.

Зарбулмасаалҳо хилофи яке дигарнд. Дар ҳамин ихтилоф ҳикмати мардумишон нуҳуфтаанд.

Сабаб ҳокими ҳамагон аст. Боз бидонист, ки кӣ султону ҳокими сабаб аст.