Ҳамаи андарзҳо

«.... Аз он лаҳзае, ки мо такаллум карданро ёд гирифтем, мо як чизро мепурсидем: Маънии зиндагӣ чист? Дигар ҳама саволҳо бемаъниянд, вақте марг бар дӯши Шумо қарор дорад. Вале иҷоза бидиҳед, то даҳ ҳазор оламро обод бикунем, ки дар атрофи даҳ ҳазор ситораҳои (офтобҳои) бароямон ноошно давр мезананд. Дар он сурат пурсидан беҳуда аст. Инсон ҳудуд надорад, чун дар Сайёра ҳудуд нест. Инсон ҳамчун Сайёра ҷовид аст. Баъзе одамҳо мемиранд, ҳамон тавре ки ҳамеша мемиранд. Вале таърихи мо ба дурии тасаввурнопазири оянда бармехӯрад. Мо хоҳем донист, ки дар ҳама замонҳои оянда зинда ва орому мутмаъин хоҳем буд. Вале ин худ посухе барои он суоли азалию ҷовидонӣ аст. Ба мо зиндагӣ ато шудааст ва ҳадди ақал бояд ин инъому туҳфаро ҳифз бикунем ва ба наслҳои оянда- то ба лоинтиҳоӣ интиқол бидиҳем. Ба хотири ҳамин месазад заҳмат кашид!...»

Ҳунари ҳаким будан иборат аз дониста тавонистани он аст, ки зарар нест ба он таваҷҷуҳ бикунӣ.

Мо хеле дер дармеёбем, ки маънии зиндагӣ дар худи зиндагӣ, дар оҳанги ҳар як рӯзу соат иборат аст.

Хурсандӣ ба асосҳои математика мухолифат мекунад: он вақте ки мо мубодила мекунем, зиёд мешавад.

Дунё аз они онест, ки бо он хуш аст.

Муҳаббат ба зиндагӣ маншаъ аз андешаҳои мусбати мо мегирад. Аз ин ҷо корҳои анҷоммедодаи мо, ки фарҷоми нек доранд, маншаъ мегиранд.