Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Ман мутмаъин нестам, ки нажоди одамӣ боз ҳазор соли дигар зиндагӣ мекунад, агар имкони паридан ба осмонро пайдо накунад. Сенарияҳои бисёре мавҷуданд ,ки чӣ тавр ҳама мавҷуди зинда дар сайёраи кӯчак метавонанд бимиранд. Вале ман хушбин ҳастам. Мо, дақақан, ситораҳоро кашф хоҳем кард.

Ин ки сайёра чи тавр ба вуҷуд омадааст, метавон тавассути қонунҳои илмӣ муайян кард. Ман метавонистам дағдағаҳои хешро қонеъ созам ва кашф бикунам, ки: сайёра чӣ тавр ба вуҷуд омадааст. Вале ман ҳамоно намедонам, ки ЧАРО он ба вуҷуд омадааст.

Бо итминон метавонам бигӯям, ки алҳол сайёҳон аз (олами) оянда барои тамошою дидани мо наёмадаанд. ( дар мавриди саёҳат дар вақту замон). Имкони ягонаи зиндагонии тӯлонии мо на дар сайёраи замин ниҳон аст, балки дар кайҳон тамаркуз ёфтааст.

Шояд ин дар табиати инсонӣ нуҳуфтааст, ки мо мутобиқ мешавем ва зинда мемонем.

Мо ҳама гуногунем, вале мо ҳамон як руҳи инсониро бахшу қисмат мекунем.

Бисёр муҳим аст, ки осон таслим нашавӣ.