Ҳамаи андарзҳои муаллиф

Агар Шумо бифаҳмед, ки сайёра чӣ тавр фаъолият мекунад, пас ба маънии рӯшанаш, онро метавонед идора кунед.

Ҳадафи ман бисёр сода аст: ман мехоҳам Сайёраро дарк бикунам, ки чаро он ҳамин тавр сохта шудааст, ки тавре сохта шудааст ва чаро мо инҷоем.

Дар он ҷое, ки зиндагӣ ҳаст, умед ҳаст.

Дурнамои барвақт мурдан маро водор сохт, то дарёбам: зиндагӣ арзиши онро дорад, ки онро аз сар бигзаронӣ.

Зиндагӣ бисёр фоҷеабор мебуд, агар чунин аҷибу ҷолиб намебуд.

Қонунҳои илм байни самти «ба пеш» ва «ба қафо» дар замон тафовут намегузоранд. Вале дар хар сурат се тири вақт мавҷуданд, ки онҳо ояндаро аз гузашта фарқ мекунонанд. Ин тири термодинамикӣ, яъне самти замонест, ки дар он бенизомиҳо меафзояд; тири равонӣ,- он самти замониест, ки дар он мо гузаштаро ба ёд меоварем, на ояндаро; тири космогологӣ- самти замониест, ки дар он сайёра фишурда нашуда, балки вусъат меёбад. Ман нишон додам, ки тири равонӣ амалан мутаносиб бо тири термодинамикӣ аст. Пас ҳарду бояд яксон самт ёбанд.