Ҳамаи андарзҳо

Нилс Бор

Агар назарияи квантӣ шуморо ба ларза наоварда бошад, шумо онро ҳанӯз нафаҳмидед.

Никола Тесла

Дарки ҳатто хурдтарин махлуқ боиси тағирёбии тамоми олам мегардад.

Константин Сиолковский

Ҳамаи мавҷудот чунон ба тартиб оварда шудааст, ки на танҳо ӯ ҷовид аст, балки қисматҳои он дар шакли мавҷудоти хушбахт абадзиндаанд. Оғоз ва интиҳои олам набошад, ибтидо ва интиҳои зиндагӣ ва саодати он низ вуҷуд надорад.

Андрей Линде

Ин шеваи андеша, ки инсон дар он қисмати сайёра басар мебарад, ки мавҷудияти он имкон дорад( он принсипи антропӣ номида мешавад) маънӣ дорад, фақат агар сайёра имконияти ҳар ранг тазоҳур кардан дошта бошад. Агар дунё дар ҳар ҷо якранг мебуд, пас он эҳтимолият кам буда, ки (кори) мо бинобар аблаҳӣ омад кардааст, то дар дунёе қарор бигирем, ки дар он ҷо махсус ҳама чизро барои мо сохтаанд. Оё мо фикр мекардем, ки шояд, Худо ҳама чизро тавре сохта, ки дар ин дунё зиндагӣ бикунем. Вале дар назарияи мо худи Сайёра ҳама шароити лозимро интихоб кардааст: дар як ҷо барои мо мувофиқ, дар ҷойи дигар барои ягон нафари дигар мувофиқ. Агар аз идеяи «ҳамаи чиз дар сайёра имкон дорад» даст бикашем, пас ин муамморо, ки «чаро бисёр чизҳо махсус ба мо мувофиқ гардонида шудаанд?»- ҳаллу фасл кардан бисёр мушкил аст.

Роҷер Пенроуз

Ҳеч навъ сайёраҳои мувозӣ вуҷуд надоранд. Пай дар пай ҳастанд. Онҳо пас аз инфиҷорҳои бузург пайдо мешаванд. Пас аз охирин инфиҷор сайёраи мо ба вуҷуд омадааст. Ва мо ҳамроҳ бо онем.

Нил Деграс Тайсон

Кашфиётҳои кайҳонӣ ҳар садсола унвони моро паст мекунанд. То он даме, ки астрономҳо дар атрофи офтоб сайёраҳои дигарро пайдо накарданд, замин беназир ҳисобида мешуд. Он гоҳ мо тахмин мезадем, ки Офтоб беназир аст, аммо фаҳмидем, ки ситораҳои бешумори осмони шабона ҳамон офтобанд. Баъд мо ба қароре омадем, ки галактикаи мо, Роҳи Каҳкашон ин Коинот аст, аммо ба зудӣ мо дарёфтем, ки бисёр доғҳои хира дар осмон галактикаҳое мебошанд, ки манзараи кайҳониро нишон медиҳанд. Имрӯз тасаввур кардан хеле осон аст, ки Коинот ҳама чизест, ки дар ҷаҳон аст. Ба ҳар ҳол назарияҳои нави кайҳоншиносӣ, инчунин имконнопазирии нотакрори ягон чиз аз мо доимо талаб мекунанд, ки бояд ба зарбаи ниҳое омода бошем, яъне ба далели мавҷудияти Коиноти гуногун Мултикоинот, ки дар доираи он мо яке аз пуфакҳои бешумор ҳастем, ки моддаи кайҳонӣ ба он печидааст.