Ҳамаи андарзҳо

Сергей Василевич Лукяненко

Дар сабабу далелу бурҳонҳои даркшаванда ҳамеша ҳадафи фаъолияти шахсият таборуз мекунад. Объекте, ки метавонад ниёзмандиҳои шахсиятро мураффаъ созад, ҳангоми сохтани он ҳамчун ҳадаф пайдо мешавад. Агар шахсият воқеан, ҳадафи зиндагии хешро дарк ва расидан ба онро думболагирӣ кунад, пас дурнамои шахсият ошкору маълум мегардад. Дурнамо фаъолияти одамро росихтар, ҳадафмандонатар бинмуда, онҳоро бо энержӣ таъмину мукаммал месозад.

Сергей Василевич Лукяненко

Нишондиҳандаи ҳамбастагии арзиши иҷтимоии шахсият ин ҳадафмандии ӯст. Ҳадафмандии шахсият -ин низоми ҳадафҳои бартар ва сабабу мӯҷиби фаъолияти он буда, арзиши худӣ ва аҳамияти ҷамъиятии онро муайян месозад. Ҳадафмандӣ якҷо бо ҷаҳонбинӣ муназзими олии рафтор ва фаъолияти инсон аст.

Федор Достоевский

Ҳар як инсон дар назди ҳама инсонҳо барои ҳама инсонҳо ва барои ҳама чиз масъул аст.

Стив Ҷобс

Далерона ба думболи гувоҳии қалбу фаросат биравед. Онҳо , ба наҳве аз пеш медонанд, ки Шумо, воқеан, кӣ шудан мехоҳед.

Рейнхольд Нибур

Худоё, бароям нерӯи қабул кардани онеро бидеҳ, ки тағйир дода наметавонам, ҷасорату мардонагии онеро бидеҳ, ки тағйир дода метавонам ва ҳикматеро бидеҳ, то якеро аз дигар фарқ бикунам. Рейнхолд Нибур

Иоҳанн Волфганг Гёте

Орзуи ҳамаи падарон аз он иборат аст, ки умеди нокоми худро бо писаронашон амалӣ намоянд.