Ҳамаи андарзҳо

Мушкиле, ки одатан танҳо дар синни камолот дарк мекунед, дар он аст, ки вақте шумо чизҳое монанди муҳаббат, маъно, ҳавасмандиро меҷӯед, ба шумо ҳамин тавр менамояд, ки гӯё онҳо дар паси дарахт ё зери санг пинҳон шудаанд. Одамони муваффақ дарк мекунанд, ки дар зиндагӣ онҳо муҳаббати худро месозанд, худашон чизҳоро маъно медиҳанд, худашон ҳавасмандиро ба вуҷуд меоранд. Шахсан, маро ду фалсафаи асосӣ роҳандозӣ мекунанд: дар бораи дунёи имрӯза назар ба он чизе ки дирӯз медонистам маълумоти наве биомӯзам ва ҳамзамон кам кардани ранҷу азоби мардум. Ин ду ҳадаф метавонанд ба натиҷаҳои бебаҳо оварда расонанд.

Касеро, ки офтоб дар қалбаш медурахшад, ҳатто дар рӯзҳои тира низ метавонад офтобро бубинад.

Инсоният ҷовидонии инсони миранда аст.

Зарур аст, то одам дарёбад, ки ӯ холиқ ва соҳиби дунёест ва ӯ масъули ҳама бадбахтиҳо дар он аст. Ҳамчунин ба ӯ шараф барои ҳама хубиҳо, ки дар зиндагӣ ҳаст, мутаааллиқ аст.

Дастурамал барои дуруст истифода бурдани зиндагӣ: 1. Мутаваҷҷеҳ шудан. 2. Ҳайрон шудан. 3. Дар ин бора қисса кардан.

«.... Аз он лаҳзае, ки мо такаллум карданро ёд гирифтем, мо як чизро мепурсидем: Маънии зиндагӣ чист? Дигар ҳама саволҳо бемаъниянд, вақте марг бар дӯши Шумо қарор дорад. Вале иҷоза бидиҳед, то даҳ ҳазор оламро обод бикунем, ки дар атрофи даҳ ҳазор ситораҳои (офтобҳои) бароямон ноошно давр мезананд. Дар он сурат пурсидан беҳуда аст. Инсон ҳудуд надорад, чун дар Сайёра ҳудуд нест. Инсон ҳамчун Сайёра ҷовид аст. Баъзе одамҳо мемиранд, ҳамон тавре ки ҳамеша мемиранд. Вале таърихи мо ба дурии тасаввурнопазири оянда бармехӯрад. Мо хоҳем донист, ки дар ҳама замонҳои оянда зинда ва орому мутмаъин хоҳем буд. Вале ин худ посухе барои он суоли азалию ҷовидонӣ аст. Ба мо зиндагӣ ато шудааст ва ҳадди ақал бояд ин инъому туҳфаро ҳифз бикунем ва ба наслҳои оянда- то ба лоинтиҳоӣ интиқол бидиҳем. Ба хотири ҳамин месазад заҳмат кашид!...»