Ҳамаи андарзҳо

Худи ҳаёт ягон маънои дигаре надорад, то он даме, ки як шахс пайдо мешавад ва кӯшиш мекунад, ки падидаҳои онро шарҳ диҳад.

Ҳақиқати баҳснопазир, қоида, қонуни зиндагӣ: Одамонро атрофиёни ӯ ташаккул медиҳанд!

Ҳатто агар ман маънои ҳаётро надонам ҳам, ҷустуҷӯи маъно аллакай ҳаётро маъно медиҳад.

Худоё, бароям нерӯи қабул кардани онеро бидеҳ, ки тағйир дода наметавонам, ҷасорату мардонагии онеро бидеҳ, ки тағйир дода метавонам ва ҳикматеро бидеҳ, то якеро аз дигар фарқ бикунам. Рейнхолд Нибур

Азбаски ҳеч чиз аз дарёфти ҳақиқат хубтару зеботар буда наметавонад, яқинан, месазад ба фалсафа машғул бошӣ, ки табъан, ин худ ҷустуҷӯйи ҳақиқат аст.

Фалсафаи ман ба ман комилан ягон даромад надод, вале маро аз бисёр хароҷоту зоеъа раҳо бахшид.