Ҳамаи андарзҳо

Дар ин ҷаҳон ҳама чиз хеле оддӣ ба тартиб оварда шудааст, вагарна ҳеҷ кор нахоҳад шуд, мушкил дар он аст, ки ин содагӣ аз ҳад зиёд аст.

Офаридани дунё аз фаҳмидани он осонтар аст.

Зиндагӣ бо он арзишманд ҳаст, ки вай ба инсон имкони санҷидани хештанро медиҳад.

Ҷаҳоне, ки бидуни ҳар навъ сабаб (иррасионалистист, тасодуфист, «ҳамту» ( беҳадаф) пайдошуда) арзи ҳастӣ мекунад, як навъ нопойдор ва шоистаи ҳеч гуна эътимод намебуд: номуайянӣ дар ҳама чиз интишор меёфт; ҳар чизи дилхоҳ( ба истиснои, албатта, ихтилоф) метавонист мавҷуд бошад ва ҳар дилхоҳ чизе сурат бигирад.

Боъиси таҳайюри бузург аст, ки инсон банохост ҳастии хешро, пас аз панҷ ҳазор соли нобудӣ дарк мекунад; умри дароз намебинад; сипас дубора боз ба ҳамон андоза давраи тӯлонӣ фаро мерасад, вақте вай дигар набояд бештар (аз ин) арзи ҳастӣ бикунад. Дил бар зидди он, бо эҳсоси он, ки набояд чунин бошад, эътироз мекунад.

Табиат дорои узвҳои суханронӣ нест, вале забонҳо ва қалбҳоеро меофарад, ки онҳо қодири сухангӯйӣ ва ҳиссиёт мебошанд.