Ҳамаи андарзҳо

Муваффақ шудан маънои онро надорад, ки Шумо бояд ягон кори истисноӣ анҷом диҳед. Ин он маъно дорад, ки Шумо бояд кореро, ки дигарон ба анҷом нарасондаанд, ба таври истисноӣ иҷро кунед.

Паррандае, ки дар шохи дарахт нишастааст, ҳаргиз аз ин ки шох мешиканад, тарсу ҳарос надорад. Зеро ки вай ба шох на, балки ба болҳои хеш итминон дорад.

Вақте мо рӯшан мешавем ях об мегардад, вақте дӯст медорем қалбҳо боз мешаванд, вақте мо боз ҳастем одамон тағйир меёбанд, вақте бовар мекунем, муъҷизаҳо рух медиҳанд.

Дар зиндагӣ лаҳзае фаро мерасад, ки бояд дарк бикунӣ: дигар гузашта вуҷуд надорад. Ту ҳастӣ ва имрӯз вуҷуд дорад.

Баъзан илҳом лағжида меравад, намеояд. Аммо ман чун ҳунарманд вазифадорам ҳеҷ гоҳ таслим нашавам, зеро танбалӣ дар одамон хеле қавӣ аст. Барои санъаткор аз таслим шудан ба он бадтар чизе нест. Шумо наметавонед интизор шавед. Ин илҳом чунин меҳмонест, ки ба назди танбалон рафтанро дӯст надорад. Вай дар назди онҳое пайдо мешавад, ки ӯро даъват мекунанд. Худро ғолиб омадан лозим аст, то ки ба дилетантизм (дилхушӣ, саргармӣ) гирифтор нашавед.

Андешаҳо сарчашмаи асосии табъи хушу болидаи шумостанд. Андешаҳои хешро поку беолоиш бикунед, ҳама мусибату тирарӯзиҳо аз байн мераванд.