Ҳамаи андарзҳо

Тимоти Фрэнсис Лири

Ҳар қадар озодӣ бисёр бошад, ба ҳамон андоза масъулият зиёд аст. Парадоксест қадимию ҳамеша мубрам.

Ошо

Озодӣ на ҳамаравоист, балки масъулият аст. Ва агар шумо барои худ масъул набошед, касе албатта барои шумо ҷавоб медиҳад ва ин маънои ғуломиро дорад.

Федор Достоевский

Тахайюл ин нерӯйи табиии инсон аст.

Говард Шултс

Тиҷорат одамонро ба он меёмӯзонад, ки ба чӣ мушарраф мешаванд, вақте якҷо кор мекунанд. Як одам метавонад танҳо як қисми корро анҷом бидиҳад. Вале агар он дар канори хеш одамонеро ҷамъ меоварад, ки содиқ ба он ҳадафҳоянд, агар ӯ онҳоро нерӯю илҳом мебахшад ва вориди сӯзу сози ботинияшон мешавад, онҳо дар ҳамбастагӣ метавонанд муъҷиза биёфаранд.

Оскар Уайлд

Афкори ҷамъиятӣ дар он ҷое ғалаба мекунад, ки тафаккур дар хоб аст.

Стивен Возняк

Ман мехостам, ки мо аз сиёсат нисбатан озодтар бошем ва ба имконоти истифодаи мағзи сари инсонӣ тамаркуз бикунем. Донистани ин имконот калидест ба оянда, қабули тасмимот. Яке аз ин мисолҳо- мошинҳое лозиманд, ки бисёр хуб инсонҳоро тақлид мекунанд, вале бештар ба инсон дар бо худи худ буданаш, кӯмак мекунанд.