Ҳамаи андарзҳо

Леонардо да Винчи

Хар қадаре ки одам ба табиат наздик шавад, санъати ӯ ҳамон қадар дарозтар умр мебинад.

Томас Нагел

Ҳатто, агар, дар маҷмуъ, зиндагӣ маънияшро аз даст додааст, пас мумкин аст, то бар ин сабаб намесазад чандон обу адо шавӣ. Эҳтимол, мо ин ҳолатро эътироф мекунем ва ҳамон тавре, ки зиндагӣ мекардем, зиндагӣ бикунем. Ҳама гап дар сари он аст, ки бояд ба чизҳо оқилона назар бияфганем ва ҳар ончи нақдинае, ки дорем аз даст надиҳем ва бигзор мӯҷиби зиндагӣ кардан худи зиндагии Шумо ва зиндагии онҳоест, ки сарнавишт Шуморо бо онҳо рӯ ба рӯ кардааст. Агар Шумо замоне мепурсед: « Маънии зиндагӣ дар чист?», чӣ донишҷӯ, бармен ва ё ягон нафари дигаре бошед, Шумо посух медиҳед: Ҳеч маъно надорад. Агар ман умуман намебудам ва ё агар ҳама чиз дар дунё бароям бетафовут мебуд, ин ҳеч маъние намедошт. Вале ман ҳастам ва чизҳое маро мушавваш месозанд. Ин аст ҳамагӣ. Ин ҳама чизест, ки метавон гуфт»

Антон Павлович Чехов

Мо мавҷудоти олием ва агар, воқеан, мо тамоми нерӯи нубуғи инсониро дарк мекардем, мо мисли Худоҳо мешудем.

Суқрот

Азбаски мо барои хушбахтӣ талош меварзем ва маълум мегардад, ки мо танҳо замоне хушбахтем, ки аз чизҳо истифода мебарем ва дуруст ҳам истифода мебарем. Ва ин дурустӣ ва барор ба мо дониш медиҳад, пас ба назар чунин мерасад, ки ҳар як инсон бо тамоми нерӯяш саъй менамояд, то ҳарчи бештар оқилтар гардад.

Томас Ҳуксли

Ҳадафи бузургтарини зиндагӣ, на идрок, балки амал аст.

Алессандро д`Авения

Таърих як деги азимест, ки дар он ҳама корҳоеро анҷом додаанд, ки одамон бузург шуданд, зеро онҳо ҷуръати пайдо кардани орзуҳои худро ёфтанд ва фалсафа сукутест, ки дар он чунин орзуҳо ба вуҷуд меоянд.