Ҳамаи андарзҳо

Хурофот як падидаи гузаранда аст; ҳеҷ қудрате пойдор буда наметавонад, агар он ба ҳақиқат, ақл ва адолат асос наёбад.

Ҷаҳоне, ки мо онро сохтаем, як раванди тафаккури мост. Он бе тағйири тафаккури мо тағйир намеёбад.

Фитнаҳои хурди бузургон ногузир бузург мешаванд.

Оне, ки дар мавриди бузургии хеш ба андеша меояд, маълумоти паст дар бораи бузургӣ дорад.

Ҳар як сухане, ки инсон гуфта, дар худ ҳомили нерӯи бузурги энержӣ ва тавон аст: ё харобкор ё созанда. Тавассути суханони хеш мо худро, ояндаи хешро, тамоми тоърихи зиндагониямонро ва олами фарогирамонро меофарем.

Муҳаббат ба зиндагӣ -ин мавқеъи ягона барои инсонест, ки огаҳона зиндагӣ мекунад ва барои дастовард ва хушбахтӣ талош меварзад.