Ҳамаи андарзҳо

Барои он ки шахси арзанда бошӣ, манзалати дигаронро эътироф бикун.

Хушбахт ба мӯъҷизаҳо бовар намекунад.

Машҳуртарин нависандагони замони муосир, на барои он машҳуранд, ки онҳо ба мо чизи наверо пешкаш мекунанд, балки дар бораи чизҳо тавре сухан меронанд, ки гӯё дар васфи он ҳеҷ гоҳ касе чунин нагуфтааст.

Азбаски ҳеч чиз аз дарёфти ҳақиқат хубтару зеботар буда наметавонад, яқинан, месазад ба фалсафа машғул бошӣ, ки табъан, ин худ ҷустуҷӯйи ҳақиқат аст.

То ҳоле ки як шахс дар шеър танҳо эҳсосоти шахсии худро ифода мекунад, ӯро ҳанӯз шоир номидан мумкин нест, аммо даме, ки тавонист дарди тамоми оламро ҳис кунад ва онро баён кунад, пас ӯ шоири ҳақиқист. Ва он гоҳ ӯ абадӣ аст ва метавонад ҷовидон бимонад.