Ҳамаи андарзҳо

Бояд дорои арзишҳо бошӣ, вале ин як кам аст. Зиёда аз ин , ин оқибати хатарбор дорад; то лаҳзае, ки мо онеро, ки ҳомили ин арзишҳо хоҳад буд, интихоб накардаем, набояд даст ба кор шуд.

Арзиши зиндагӣ дар худи он аст. Ҳеҷ чизи гаронтаре нест.

Ман мутмаъинам, ки зиндагӣ муқаддам аст ва вай қиматтар аз ҳама гуна арзишҳо ва идеологияҳост.

Мо ҳама гуногунем, вале мо ҳамон як руҳи инсониро бахшу қисмат мекунем.

Аксар вақт эътиқод ва дарки мо доме мебошанд, ки имкониятҳои моро маҳдуд мекунанд. Ягона донише, ки моро дар роҳи рушд пеш бурда метавонад, донишест, ки хаёлот ба ҳама чиз қодир аст. Ва ҳама чизе ки дар тасаввуроти мо имконпазир аст, дар асл имконпазир аст.

Заҳматкашӣ -ин муҳаббат ба кор, ин бо тамоми ҳастӣ омода будан ва фаъолият кардан ҳангоми иҷрои ҳама гуна кор аст.