Ҳамаи андарзҳо

Вақте ман дар бораи гурбаи Шредингер мешунавам, дасти ман моили тапонча мешавад.

Натиҷаи мушоҳидаҳои мо он тахминро таъийд мекунанд, ки сайёра дар як лаҳзаи муайяни замон ба вуҷуд омадааст. Вале худи лаҳзаи шуруъи халлоқият, сингулярӣ ба ҳеч кадоме аз қонунҳои машҳури физика итоат намекунад.

Вақте сар то сари ҷаҳон мефаҳманд, ки зебо - ин зебо аст, пас зиштӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ҳама медоданад, ки некӣ-ин некист, бадӣ ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин он чизе ки ҳамдигарро ба вуҷуд меорад-ин ҳастӣ ва нестист, он чизе ки мувозинатро нигоҳ медорад- ин вазнинӣ ва сабукист, чизе ки ягигарро маҳдуд месозад – ин дарозӣ ва кӯтоҳист, чизе ки ба якдигар хидмат мекунад- ин баландӣ ва пастист, он чизе ки бо ҳамдигар ҳамоҳанг мешавад – ин овоз ва садост, чизе ки якдигарро назорат мекунад – ин гузашта ва ҳозира ва беохир мебошад.

Имонро метавон ба унвони эътиқод маҳкум ба чизе дар сурати адами вуҷуди шоҳид таъриф кард. Вақте шоҳиде вуҷуд дорад, ҳеч кас дар мавриди имон суҳбат намекунад. Мо дар мавриди имон суҳбат намекунем, вақте ин воқеиятро бидонем, ки ду ҷамъи ду чаҳор аст ё замин давра аст. Мо фақат аз имон суҳбат мекунем, вақте ки бихоҳем шоҳидро бо эқсос ҷойгузин кунем.

Бояд бигӯям, ки ҷаҳон ба содагӣ вуҷуд дорад ва ин ҳамон аст.

Бузургтарин некие, ки шумо метавонед барои каси дигар кунед, ин на танҳо мубодилаи сарвати худ бо ӯ аст, балки кашф кардани сарвати худ барои ӯст.