Ҳамаи андарзҳо

Ҳадафи зиндагӣ дарёфти камолот аст. Рисолати ҳар яке аз мо таври ҳаддиаъзамӣ наздик кардани он дар худии худ, дар ҳолати худ, дар шеваи фаъолият аст. Қонун дар ҳама сатҳҳои зиндагӣ ягона аст: дунёи навбатии хешро мо тавассути донише, ки инҷо андӯхтаем, интихоб мекунем. Агар мо инҷо ҷаҳолатро тарҷеҳ додаем ва дониши мо мисли пешин мондааст, пас дунёи мо аз дунёи пешин фарқ нахоҳад кард. Камолот ҳадду канор надорад. Суръати комил онест, ки вақте ту дар онҷое қарор дорӣ, ки мехоҳӣ онсӯйи онҷо роҳ бигирӣ.

Шеваи аз ҳама боитминони ҷудо кардани ширкати хеш миёни рақибон, канда шудан аз тӯдаи думболагирону пайравон- ин хуб созмон додани кор бо иттилоот аст. Маҳз он ки Шумо чӣ тавр иттилоотро ҷамъ меоваред, созмон мебахшед ва истифода мебаред, муайян хоҳад кард, ки Шумо пирӯз хоҳед шуд ё бохт хоҳед кард.

Фикр кардан, донистан, эҳсос кардан, бовар кардан ва ламс кардан, ки инсон бо онҳо коинотро дарк мекунад; онҳо бояд ҳамеша дар ҳамоҳангӣ фаъолият кунанд, танҳо бо ин роҳ, мо метавонем орзуи худро амалӣ намоем.

Хурофот унсури худи вуҷуди инсон аст; баъзан ба назари мо чунин менамояд, ки мо пурра аз он худро дар канор гирифтем, вале он дар гӯшаҳои махфӣ пинҳон мешавад ва замоне худро комилан бехатар меҳисобад, ногаҳон дубора пайдо мешавад.

Вақте ки шумо аз як ҳадафи олӣ ё ягон нақшаи ғайриоддӣ илҳом мегиред, ҳамаи фикрҳои шумо шикастани занҷирҳоеро, ки онҳоро бозмедоранд, оғоз мекунанд. Зеҳни шумо аз доираи маҳдудият берун мешавад, шуури шумо ҳудуди қобилиятҳои онро ба ҳар тараф таҳрик медиҳад ва шумо дар ҷаҳони навсозишуда, азим ва зебо зиндагӣ карданро оғоз мекунед. Қудратҳо, қобилиятҳо ва истеъдодҳои бебаҳо ба ҳаёт бармегарданд ва шумо худро аз он чизе, ки тасаввур мекардед, бузургтар ҳис мекунед.

Ақли солим нобиғаи башарият аст.