Ҳамаи андарзҳо

Ҳоло касе дар сояи дарахте нишастааст, ки касе чанд сол пеш бишнондааст.

Бисёрии онҳое, ки дар зиндагӣ мутаҳаммили нобарорӣ шудаанд, ин инсонҳоеанд, ки намедонистаанд, то чӣ андоза онҳо ба комёбӣ наздик будаанд дар лаҳзае, ки таслим шудаанд.

Сабақе, ки ман бигрифтаам ва тамоми умр аз рӯйи он амал мекунам иборат аз ин аст, ки бояд бикӯшид, бикӯшид ва боз ҳам бикӯшид, вале ҳаргиз таслим набояд шуд!

Ҳеч ҳадафе ба ҳадде нест, ки василаи беарзишро барои дастёбӣ ба он тарҷеҳ диҳад.

Ҳадафе, ки маблағи зиёдро талаб мекунад, ҳадафи дуруст нест.

Тасодуфҳо вуҷуд надоранд. Ҳар он чӣ бо мо мегузарад, фавқулъода ногузир аст. Ҳар он чӣ буд, танҳо ба хотири хубӣ буд.