Ҳамаи андарзҳо

Парменид

Ҳастӣ ба фасод ва нобудӣ дучор намешавад, вагарна он ба Ғайбӣ табдил хоҳад ёфт, аммо Ғайбӣ вуҷуд надорад.

Парменид

Ҳастӣ мавҷуд аст, аммо Ғайбӣ вуҷуд надорад.

Питер де Врис

Коинот сейфест, ки барои он шумо бояд шифр ёбед, аммо ин шифр низ дар сейф баста аст.

Рик Риордан

Фикр мекунам, сайёра низ як навъ мехонизм аст. Намедонам, ки кӣ онро халқ кардааст: онро Худойҳо, Худо бо ҳарфи бузург ва ё боз ягон нафаре дигар. Вале дар маҷмуъ он тавре кор мекунад, ки меандешад. Албатта, гоҳ-гоҳе мурватҳо мешикананд ва лозим меояд онҳоро иваз кард. Вале ағлаб, ҳамаи чизе, ки рух медиҳад, сабабҳо ва ангезаҳои худро дорад.

Ричард Докинз

Дар тамоми роҳе, ки аз васат ва дуртар аз китфи рост мегузарад, зиндагӣ танҳо аз бактерияҳо иборат буд. Зиндагии бисёрҳуҷайраю бесутунмуҳра танҳо дар наздикии оринҷи рости Шумо сабзидааст. Динозаврҳо дар васати кафи рости Шумо ибтидо мегиранд ва дар ноҳияи қатори (раддаи) охирини ангушт мемиранд. Тамоми таърихи Homo Sapiens ва ниёи мо Homo Erectus дар нӯги нохун ҷой мегирад.

Рэй Брэдбери

Мо — ғайриимконҳо дар сайёраи ғайриимконем.