Ҳамаи андарзҳо
.jpg)
Ҳамаи мавҷудот чунон ба тартиб оварда шудааст, ки на танҳо ӯ ҷовид аст, балки қисматҳои он дар шакли мавҷудоти хушбахт абадзиндаанд. Оғоз ва интиҳои олам набошад, ибтидо ва интиҳои зиндагӣ ва саодати он низ вуҷуд надорад.

Ин шеваи андеша, ки инсон дар он қисмати сайёра басар мебарад, ки мавҷудияти он имкон дорад( он принсипи антропӣ номида мешавад) маънӣ дорад, фақат агар сайёра имконияти ҳар ранг тазоҳур кардан дошта бошад. Агар дунё дар ҳар ҷо якранг мебуд, пас он эҳтимолият кам буда, ки (кори) мо бинобар аблаҳӣ омад кардааст, то дар дунёе қарор бигирем, ки дар он ҷо махсус ҳама чизро барои мо сохтаанд. Оё мо фикр мекардем, ки шояд, Худо ҳама чизро тавре сохта, ки дар ин дунё зиндагӣ бикунем. Вале дар назарияи мо худи Сайёра ҳама шароити лозимро интихоб кардааст: дар як ҷо барои мо мувофиқ, дар ҷойи дигар барои ягон нафари дигар мувофиқ. Агар аз идеяи «ҳамаи чиз дар сайёра имкон дорад» даст бикашем, пас ин муамморо, ки «чаро бисёр чизҳо махсус ба мо мувофиқ гардонида шудаанд?»- ҳаллу фасл кардан бисёр мушкил аст.

Бузургтарин дастоварди нобиғаи инсонӣ он аст, ки инсон чизҳоеро, ки дигар тасаввур карда наметавонад, дарк менамояд.

Душмани асосии дониш на ҷаҳолат, балки чашмбандии илм аст.
.jpg)
Дар олами машҳур миллион миллиард офтобро дарёфтан мумкин аст. Бинобар ҳамин, мо ҳамон қадар сайёраҳои ба Замин монандро дорем. Инкор кардани ҳаёт дар он бениҳоят фавқуллода аст. Агар он дар Замин пайдо шуда бошад, пас чаро дар ҳамон сайёраҳое, ки шароиташон ба Замин монанданд, ба вуҷуд намеоянд? Шояд шумораи онхо нисбат ба офтоб хеле кам бошад, аммо онҳо бояд бошанд. Метавон ҳаётро то 50, 70, 90 фоиз дар ҳамаи ин сайёраҳо инкор кард, аммо ҳамаи онҳоро инкор намудан ғайриимкон аст.

Ҳеч навъ сайёраҳои мувозӣ вуҷуд надоранд. Пай дар пай ҳастанд. Онҳо пас аз инфиҷорҳои бузург пайдо мешаванд. Пас аз охирин инфиҷор сайёраи мо ба вуҷуд омадааст. Ва мо ҳамроҳ бо онем.