Ҳамаи андарзҳо

Нил Деграс Тайсон

Кашфиётҳои кайҳонӣ ҳар садсола унвони моро паст мекунанд. То он даме, ки астрономҳо дар атрофи офтоб сайёраҳои дигарро пайдо накарданд, замин беназир ҳисобида мешуд. Он гоҳ мо тахмин мезадем, ки Офтоб беназир аст, аммо фаҳмидем, ки ситораҳои бешумори осмони шабона ҳамон офтобанд. Баъд мо ба қароре омадем, ки галактикаи мо, Роҳи Каҳкашон ин Коинот аст, аммо ба зудӣ мо дарёфтем, ки бисёр доғҳои хира дар осмон галактикаҳое мебошанд, ки манзараи кайҳониро нишон медиҳанд. Имрӯз тасаввур кардан хеле осон аст, ки Коинот ҳама чизест, ки дар ҷаҳон аст. Ба ҳар ҳол назарияҳои нави кайҳоншиносӣ, инчунин имконнопазирии нотакрори ягон чиз аз мо доимо талаб мекунанд, ки бояд ба зарбаи ниҳое омода бошем, яъне ба далели мавҷудияти Коиноти гуногун Мултикоинот, ки дар доираи он мо яке аз пуфакҳои бешумор ҳастем, ки моддаи кайҳонӣ ба он печидааст.

Станислав Ежи Летс

Зарбулмасаалҳо хилофи яке дигарнд. Дар ҳамин ихтилоф ҳикмати мардумишон нуҳуфтаанд.

Станислав Ежи Летс

Сабаб ҳокими ҳамагон аст. Боз бидонист, ки кӣ султону ҳокими сабаб аст.

Герберт Уэллс

Шояд таҳоҷуми миррихиён барои одамон бе нафъ нахоҳад буд; вай аз мо бовари орому осударо ба оянда, ки ба чунин осонӣ ба завол меравад, бигрифт, вай ба илми мо донишҳои бузургро ато кард, вай тарғиби идеяро дар мавриди созмонёбии воҳиди инсоният мусоидат кард.

Леонард Растригин

Мутобиқшавии ғайрифаъол - мутобиқшавӣ ба муҳити собит. Системаи мутобиқшавӣ тавре амал мекунад, ки вазифаҳои худро дар муҳити додашуда ба тариқи беҳтарин иҷро кунад. Мутобиқсозии фаъол ин ҷустуҷӯи муҳити ба системаи муайян мувофиқ мебошад. Ин ё тағйир додани муҳити атрофро барои ба ҳадди аксар расонидани меъёри самаранокӣ ё ҷустуҷӯи фаъолонаи муҳити дар назар доштаро дар бар мегирад, ки дар он роҳати дилхоҳ ба даст оварда мешавад.

Роҷер Пенроуз

Шояд. Бехирадию девонагӣ баъзан хуб аст. Зеро ки ҳарчӣ дар табиат, дар сохтори олам рух медиҳад, беақлии воқеист. Мехоникаи квантӣ девонагии комил аст. Вале вай кор мекунад. Зеро ки сайёра ақлашро бохтааст. Онро одами солим фаҳмида наметавонад. Бигиред, таври мисол, кайҳоншиносиро: вақт, фазо, инфиҷори бузург. Ана ту ғояро дарёфтӣ- дар назар он таври кофӣ бехирадона аст, то ки ба ин олами девона бархӯрд кунӣ. Вале баъдан мефаҳмӣ, ки олам боз ҳам беақлтар аз он аст, ки ту тасаввураш мекардӣ. Ва бояд боз як идеяи нисбатан беақлонатарро фикр бикунӣ, то онро бафаҳмию дарк бикунӣ. Ба ҳамин монанд, илм ҳам чунин сохта шудааст.