Ҳамаи андарзҳо

Хуб аст, ки дар зиндагии мо одам оне ҳастанд, ки бо кӯмаки онҳо мо метавонем ба хеш аз канор мушоҳида бикунем ва хатоҳоеро, ки қаблан намешинохтем, бубинем.

Дӯстони хуб ба сўроғи шахсе мераванд, ки худаш медонад чигуна дӯсти хубе бошад.

Пайдо кардани инсоне, ки ба ӯ нигаристан хушоянд аст, шуниданаш ҷолиб аст, самимона бихандӣ ва бесаброна мулоқоташро мунтазир шавӣ, ин беҳтарин барор дар зиндагист.

Ҳама гуна китоби ростин- беинтиҳост… Вале бисёр одамон инро дарк намекунанд. Ҳама чиз марбут ба он аст, ки китоб дар дасти кист.

Эҷодгарӣ ин сохтани робита байни чизҳост. Вақте одамони эҷодкорро мепурсанд, ки онҳо чӣ тавр чӣ кореро иҷро кардаанд, эшон андак хешро гунаҳкор ҳис мекунанд. Зеро ки онҳо, воқеан, ҳеч кореро анҷом надодаанд ва танҳо пай бурдаанд. Ин барояшон бо мурури замон маълум мегардад. Онҳо тавонистанд пораҳои гуногуни таҷрибаи хешро ба ҳам бипайванданд ва ягон навъро тавъам кунанд. Ин барои он сурат мегирад, ки онҳо нисбат ба дигарон бештар дидаанду аз сар гузаронидаанд ва ё барои он ки онҳо бештар дар ин бора меандешанд.

Камбуди дардовари мо дар он аст, ки мо бисёр зуд навмед мешавем. Роҳи аз ҳама дуруст ба комёбӣ ин ҳамеша бори дигар даст задан ба кор аст.